- Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳуCухани мо дар атрофи шахсе аст ки офтоб ба касе беҳтар аз У баъди Паёмбарон натобидааст. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки имони уро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд имони у бар имони тамоми уммат ғолиб (вазнинтар) омад. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз у пурсида шуд оё барои аҳлу оилаат чизе боқи мондаи? Дар ҷавоб гуфт: барои аҳлу оилаам Худову Паёмбарашро мондам. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки у кист.
Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/204698
Download :

- ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: АБУБАКР (Р) ВА УМАР (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб роҷеъ ба зиндагинома, футуҳот, корномаи ду шахсияти бузурги таърихи ислом ва башарият, саҳобагони гиромӣ: Абубакр (р) ва Умар (р), ки ҳардуяшон хулафои рошидин ва падарарўсони (хусурони) Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) буданд, ба забони фасеҳу ширини форсии тоҷикӣ нақл мекунад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/333924
Download :

- Одоб ва хусусиятҳои моҳи шарифи РамазонМоҳи рамазон моҳи бузург ва пурбаракате аст ва ин моҳ соҳиби одоб ва хосиятҳое аст ки дар дигар моҳҳо вуҷуд надорад, муаллифи ин китобча одоб ва хусусиятҳои ин моҳи муборакро барои хонанда баён намудааст.
Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/357421
Download :
- Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/293044
Download :
- Маърифати Расулуллоҳ (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва Саҳобагони киромАллоҳ таъоло дини мубини Исломро ба воситаи ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён кардааст,бинобар ин шинохтани он ҳазрат бар тамоми инсонҳо воҷиб аст. Ва саҳобагони киром дини исломро аз забони мубораки Расулуллоҳ пурра омухта онро ба уммати Расулуллоҳ расонидаанд. Ва ин дини муқаддаси ислом ба воситаи саҳобагони киром ба машриқу мағриб паҳн шудааст. Бинобар ин шинохтани саҳобагони киром низ воҷиб аст. Дар ин рисола барои шумо сирати беҳтарин халқи Худо ҳазрати Паёмбарамон Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ва сирати беҳтарин шахсони уммати исломро баён кардам.
From issues : Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org
Source : http://www.islamhouse.com/p/311472
Download :