- Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?Баъд аз иштирок карданам дар чандин баҳсҳо ва хондани чандин мақолаҳо дар мавриди "Ҳуқуқи зан дар ислом" ба чунин хулоса омадам ки чанд гуфтание дар ин мавзуъ барои азизон пешкаш кунам. Хонандагони азиз! Ин чанде аз шубҳаҳое ҳастанд, ки баъзе аз душманони дину инсоният миёни мардум меандозанд, ва ман баъзе аз онҳоро бароятон пешкаш хоҳам кард, ва сипас ба ҳамаи онҳо алоҳида-алоҳида ҷавоб хоҳам гуфт. Шубҳаи аввал: Гуё мардуми мусалмони точик занҳояшонро аз руи нобовари ва бе эътимодияшон маҷбур ба ҳиҷоб пуши мекунанд, дар ҳоле ки мо мардҳо натавонистаем барои занҳо беҳтарин шароити зисту зиндагиро фароҳам созем, пас бо кадом ҳуқуқ мо онҳоро маҷбур ба ҳиҷоб пуши кунем? Ва ин кори мардон сафиҳона мебошад. Ва водоштани зан ба пушидани либосе, ки дилхоҳи худи у нест, намунае аз зулму ситами мардони рузгори мост, ва бояд решакан шавад.
Formation : Умар Хатлони
Source : http://www.islamhouse.com/p/287537
Download :

- ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/339648
Download :

- ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМИн китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.
Formation : Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/327119
Download :
- Зиёрати масҷиди НабавиЗиёрати масҷиди Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз ҳаҷ ё баъд аз ҳаҷ суннат аст. Зеро дар китоби "Саҳеҳ Бухори" ва "Саҳеҳ Муслим" аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят омадааст, ки гуфтанд: Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: " "صلاة في مسجدي هذا خير من ألف صلاة فيما سواه إلا المسجد الحرام" "Як намоз дар ҳамин масҷидам беҳтар аст аз ҳазор намоз дар масчидҳои дигар, ғайр аз масҷиди Ҳаром".
Formation : Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
From issues : Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org
Source : http://www.islamhouse.com/p/311425
Download :
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Абдулазиз (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаъодати халифаи панҷумини мусулмонон Амирулмўъминин Умар ибни Абдулазиз (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва панҷумин халифаи рошид, Умар ибни Абдулазизи Умавӣ, набераи Умар ибни Хаттоби Қурайшӣ мебошад. Ў ҳамчун имоми одил ва халифаи фозил шуҳрат ёфта буд. Соли шастуяк дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омада дар ҳамонҷо дар оилаи дорову сарватманд нашъунамо ёфт.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324365
Download :
