Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Masad ( The Palm Fibre )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Verses Number 5
تَبَّتْ يَدَا أَبِي لَهَبٍ وَتَبَّ ( 1 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 1
Дастҳои Абулаҳаб бурида бод ва ҳалок бар ӯ бод.
مَا أَغْنَىٰ عَنْهُ مَالُهُ وَمَا كَسَبَ ( 2 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 2
Моли ӯ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ҳолаш суд накард.
سَيَصْلَىٰ نَارًا ذَاتَ لَهَبٍ ( 3 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 3
Ба зудӣ ба оташе шӯълавар дарояд
وَامْرَأَتُهُ حَمَّالَةَ الْحَطَبِ ( 4 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 4
ва занаш ҳезумкаш аст
فِي جِيدِهَا حَبْلٌ مِّن مَّسَدٍ ( 5 ) Al-Masad ( The Palm Fibre ) - Ayaa 5
ва бар гардан ресмоне аз лифи (пӯсти) хурмо дорад.

Random Books

  • Хоҳарам бихон то фиребат надиҳандЭй хоҳари мусалмон: Тавтиаи бузурге барои масх карданат ва бози бо ҷисму шарафат ба роҳ афтода аст, пас огоҳ шав ва аз шарри ин найранги бад ба Парвардигорат паноҳ ҷуста аз Ӯ талаби ҳимоят кун, зеро танҳо Худованд аст, ки метавонад туро наҷот диҳад.

    Formation : أبو بكر جابر الجزائري

    Reveiwers : Абдусаттори Ҳақназар

    Source : http://www.islamhouse.com/p/373108

    Download :Хоҳарам бихон то фиребат надиҳандХоҳарам бихон то фиребат надиҳанд

  • Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/324359

    Download :Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?

  • Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?Баъд аз иштирок карданам дар чандин баҳсҳо ва хондани чандин мақолаҳо дар мавриди "Ҳуқуқи зан дар ислом" ба чунин хулоса омадам ки чанд гуфтание дар ин мавзуъ барои азизон пешкаш кунам. Хонандагони азиз! Ин чанде аз шубҳаҳое ҳастанд, ки баъзе аз душманони дину инсоният миёни мардум меандозанд, ва ман баъзе аз онҳоро бароятон пешкаш хоҳам кард, ва сипас ба ҳамаи онҳо алоҳида-алоҳида ҷавоб хоҳам гуфт. Шубҳаи аввал: Гуё мардуми мусалмони точик занҳояшонро аз руи нобовари ва бе эътимодияшон маҷбур ба ҳиҷоб пуши мекунанд, дар ҳоле ки мо мардҳо натавонистаем барои занҳо беҳтарин шароити зисту зиндагиро фароҳам созем, пас бо кадом ҳуқуқ мо онҳоро маҷбур ба ҳиҷоб пуши кунем? Ва ин кори мардон сафиҳона мебошад. Ва водоштани зан ба пушидани либосе, ки дилхоҳи худи у нест, намунае аз зулму ситами мардони рузгори мост, ва бояд решакан шавад.

    Formation : Умар Хатлони

    Source : http://www.islamhouse.com/p/287537

    Download :Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?

  • Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.

    Formation : Муҳаммад Алминшови

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/321608

    Download :Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)

  • Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.

    Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед

    Translators : Абдусаттори Ҳақназар

    Source : http://www.islamhouse.com/p/372449

    Download :Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломОсонгири ва тасомуҳ дар Ислом