- ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢСипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.
Formation : Абу Закариё Аннавави
Source : http://www.islamhouse.com/p/328848
Download :

- НАЗАРИ УЛАМОИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ САҲОБАИқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/373105
Download :

- Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324359
Download :

- ТавҳидИн китоб дарбаргирандаи фанни тавҳид буда, барои шогирдони мадориси ибтидои муқаррар шудааст. Дар он муҳимтарин мавзўъҳои тавҳид бо услуби кутоҳ ва равшан баён гардидааст. Китоби мазкур муҳимтарин масоили тавҳид ва яктопарастиро фаро гирифта, дорои фавоиди гаронбаҳои тарбияви ва ахлоқист.
Formation : عبد العزيز بن محمد آل عبد اللطيف
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Муассисаи Вақфи Исломи
Source : http://www.islamhouse.com/p/212764
Download :
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321608
Download :
