- Ашке бар тавҳидТамоми Паёмбарон мардумро фақат басуи як чиз даъват мекарданд, ва онҳам он буд, ки мегуфтанд: эй мардум! Фақат Худовандро ибодат кунед барои шумо ба ҷуз як Худо дигар Худое нест. Бародарону хоҳарони азиз! Оё медонед маъноӣ ибодат чист ? Маъноӣ ибодат: Яъне муҳаббату итоъату назру қурбони, ҳама бояд бароӣ Худо бошад. Ва бо дигар маъно: Ягона донистани Худованд бо дил, ва ягона донистани Худованд дар амал. Маъноӣ ягона донистани Худованд бо дил: Яъне дар дустдориву муҳабати Худованд ягон касро ба У баробар накардан, ва дар тарси аз Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва дар зориву илтиҷо ба суӣ Худо, ягон касро ба У баробар накардан, ва ба ғайр аз Худованд ба ягон кас тавакал накардан, ва ғайраҳо. Маъноӣ ягона донистани Худованд дар амал: Яъне дуъо накардан магар ба суӣ Худо, кумак талаб накардан, магар аз Худо, ва қурбониву назр накардан магар ба номи Худо, ва қасам нахурдан магар ба номи Худо, ва ғайраҳо.
Formation : Умар Хатлони
Source : http://www.islamhouse.com/p/292785
Download :

- Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)Ақидаи ҳар мусалмон: Китобчаест ки 54 саволу ҷавобро дар мавзуи ақида дар бар мегирад, нависанда ба ин саволҳо аз Қурону Ҳадис ҷавоб медиҳад, зеро ин ки ақидаи тавҳид ин саъодату хушбахтии инсон дар дунё ва охират аст.
Formation : Муҳаммад Ҷамил Зайну
Source : http://www.islamhouse.com/p/309809
Download :
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи шарифи РамазонМоҳи рамазон моҳи бузург ва пурбаракате аст ва ин моҳ соҳиби одоб ва хосиятҳое аст ки дар дигар моҳҳо вуҷуд надорад, муаллифи ин китобча одоб ва хусусиятҳои ин моҳи муборакро барои хонанда баён намудааст.
Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/357421
Download :
- ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДХонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329947
Download :

- Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатПаёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.
Source : http://www.islamhouse.com/p/354827
Download :
