Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Fatihah ( The Opening )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Fatihah ( The Opening ) - Verses Number 7
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ( 1 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 1
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ( 2 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 2
Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ( 3 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 3
Бахшояндаи меҳрубон,
مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ ( 4 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 4
Фармонравои рӯзи ҷазо.
إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ ( 5 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 5
Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем.
اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ ( 6 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 6
Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:
صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ ( 7 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 7
роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.

Random Books

  • Ҷавобҳои нурони дар мавриди ошурои ҲусейниМуаллифи ин китоб бо як маҳорати баланд ва бо амонати илми тақрибан тамоми ривоятҳое ки дар мавриди ҷоиз будан ё набудани маросимҳое ки шиъаҳо дар рузи ошуро барпо медоранд: аз мароҷиъиу олимони шиъа бароямон пешкаш кардааст. Ва ҳар инсони мусалмон хоҳ шиъа бошад ва хоҳ сунни агар бо диққат ин китобчаро бихонад аз Худованд умед дорам ки ҳақиқати ҷоиз будан ё набудани ин анъанаҳову маросимҳое ки рузи ошуро барпо мешаванд: мисли занчирзаниву синазани ва пушидани либосҳои сиёҳ, хоҳад фаҳмид.

    Formation : Маволи Ғуюур

    Translators : Абузари Абдулло

    Source : http://www.islamhouse.com/p/261603

    Download :Ҷавобҳои нурони дар мавриди ошурои ҲусейниҶавобҳои нурони дар мавриди ошурои Ҳусейни

  • ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМИн китоб номаи пурмасъулиятест аз самими қалби пурмуҳаббати муаллиф барои тамоми занҳо, хусусан модарон ва хоҳарони мусулмон. Ин китоб номаи пурмўҳтавоест, ки ақл онро пазируфта ва шариати исломӣ онро роҳнамоӣ кардааст. Бешак, ин нома ҳар як зани мўъмин ва фозилро ба оғоз намудани зиндагии беҳтару босаодат фаро мехонад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки пур аз орзуву ҳавасҳои нек асту осудахотирию оромиро кафолат медиҳад. Ба сўйи зиндагие мехонад, ки саросар қаноату яқин, виқору ҳаё, ифтихору комёбӣ, муҳаббату улфат ва унсгирӣ бо зикру ёди Худои меҳрубон мебошад.

    Formation : Оиз ибни Абдуллоҳ Ал-Қарни

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/327119

    Download :ХУШБАХТТАРИН ЗАН ДАР ОЛАМ

  • ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМКитоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.

    Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/369120

    Download :ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ

  • Тарбияти фарзандонКитоби "Тарбияти фарзандон" дар мавзуи тарбияти фарзанд муфид ва баёнкунандаи ҳуқуқи фарзанд ва падару модар насбати фарзанд мебошад, ва муаллиф дар таълифи китобаш аз оятҳои Қурони ва ҳадисҳои Набави истифода бурдааст.

    Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи

    From issues : http://www.firdavsi.com

    Source : http://www.islamhouse.com/p/313552

    Download :Тарбияти фарзандонТарбияти фарзандон

  • Занҳои тавба кунандаХоҳари мусулмон! Оё чунин нест, ки ҳар яки мо гуноҳу хатоҳои зиёд дорем? Оре! Локин оё ҳамаи ин моро аз раҳмати беканори илоҳи ноумед месозад? Оё гуноҳон моро аз мағфирати васеъи Парвардигори ғафур маъюс мегардонад? Хоҳари мусалмон, ба ин ҳадиси қудси бингар, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:

    Formation : Маҷди Фатҳи Ас-Сайд

    Translators : Муҳаммад Шарифи Одина

    Source : http://www.islamhouse.com/p/383802

    Download :Занҳои тавба кунандаЗанҳои тавба кунанда