- НАЗАРИ УЛАМОИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ САҲОБАИқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/373105
Download :

- Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/324359
Download :

- Имон овардан ба улуҳияти ХудоМаънои имон овардан ба улуҳияти Худованд: Имон овардан ба улуҳияти Худо Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда: (وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم) «Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)
Reveiwers : Билолуддин Бадруддин
From issues : http://www.firdavsi.com
Source : http://www.islamhouse.com/p/260232
Download :

- ТавҳидИн китоб дарбаргирандаи фанни тавҳид буда, барои шогирдони мадориси ибтидои муқаррар шудааст. Дар он муҳимтарин мавзўъҳои тавҳид бо услуби кутоҳ ва равшан баён гардидааст. Китоби мазкур муҳимтарин масоили тавҳид ва яктопарастиро фаро гирифта, дорои фавоиди гаронбаҳои тарбияви ва ахлоқист.
Formation : عبد العزيز بن محمد آل عبد اللطيف
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Муассисаи Вақфи Исломи
Source : http://www.islamhouse.com/p/212764
Download :
- Аҳли Байт аз худ дифоъ мекунандАҳли Байт аз худ дифоъ мекунанд : Ин китобро яке аз олимони Шиъа навиштааст, ва дар он баъзе аз таноқузоти шиъаро баён кардааст, ва мавзуъҳои зиёдеро дар бар гирифтааст монанди : Дар бораи Абдуллоҳ ибни Сабо, ва ҳақиқати пайравии шиъа аҳли байтро, ва таъна задани шиъа Паёмбари Исломро ва саҳобагони киромро, ва ин чунин дар масалаи мутъа ва он хурофоте ки дар бораи он сухан мегуянд, ва инчунин хумс, ва дар бораи ақидаи шиъа дар китобҳои осмони ва ақидаи онҳо дар бораи Аҳли Суннат.
Formation : Ҳусейни ал-Мусави
Translators : Чаводи Мунтазири
Source : http://www.islamhouse.com/p/244087
Download :