Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Fatihah ( The Opening )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Fatihah ( The Opening ) - Verses Number 7
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ( 1 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 1
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ ( 2 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 2
Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ ( 3 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 3
Бахшояндаи меҳрубон,
مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ ( 4 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 4
Фармонравои рӯзи ҷазо.
إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ ( 5 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 5
Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем.
اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيمَ ( 6 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 6
Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:
صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ ( 7 ) Al-Fatihah ( The Opening ) - Ayaa 7
роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.

Random Books

  • Одоб ва хусусиятҳои моҳи шарифи РамазонМоҳи рамазон моҳи бузург ва пурбаракате аст ва ин моҳ соҳиби одоб ва хосиятҳое аст ки дар дигар моҳҳо вуҷуд надорад, муаллифи ин китобча одоб ва хусусиятҳои ин моҳи муборакро барои хонанда баён намудааст.

    Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/357421

    Download :Одоб ва хусусиятҳои моҳи шарифи Рамазон

  • ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДХонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/329947

    Download :ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАДПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД

  • Зиёрати масҷиди НабавиЗиёрати масҷиди Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз ҳаҷ ё баъд аз ҳаҷ суннат аст. Зеро дар китоби "Саҳеҳ Бухори" ва "Саҳеҳ Муслим" аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят омадааст, ки гуфтанд: Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: " "صلاة في مسجدي هذا خير من ألف صلاة فيما سواه إلا المسجد الحرام" "Як намоз дар ҳамин масҷидам беҳтар аст аз ҳазор намоз дар масчидҳои дигар, ғайр аз масҷиди Ҳаром".

    Formation : Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз

    From issues : Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org

    Source : http://www.islamhouse.com/p/311425

    Download :Зиёрати масҷиди Набави

  • ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМЗакот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/326724

    Download :ЗАКОТ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР НИЗОМИ ИСЛОМ

  • Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатПаёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.

    Source : http://www.islamhouse.com/p/354827

    Download :Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатИздивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли Суннат

Choose language

Choose Sorah

Random Books

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share